Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Шоҳзода Раҳим роҳбари нави исмоилиён эълон шуд

Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ
Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ

Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷ, имоми 50-уми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Шабакаи Рушди Оқохон 5-уми феврал дар эъломияе гуфт, Шоҳзода Раҳим бар асоси васияти падараш Оқохони 4 роҳбари нави исмоилиён шудааст.

Шоҳзода Раҳим 54-сол дошта, писари бузурги Шоҳзода Карим Оқохони 4 аст. Ӯ дар мудирияти бисёре аз ниҳодҳои Шабакаи Оқохон нақш дорад.

Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиён, рӯзи 4-уми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.

Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам пайрави мазҳаби исмоилия ҳастанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Бисту як корхонаи давлатӣ соли гузашта ба ҷойи фоида зарар дидаанд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 21 корхонаи давлатӣ, бахусус корхонаҳои азим фаъолияти худро бо маблағи умумии 2.3 миллиард сомонӣ ва андаке бештар аз 230 миллион доллар зарар ҷамъбаст кардаанд.

Дар ин миён ширкати “Барқи Тоҷик” дар мақоми аввал аст, ки 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ на фоида, балки зиён дидааст. Яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, яъне “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ҳам фаъолияти хешро дар соли 2024 бо андаке бештар аз 180 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ ҷамъбаст кардааст.

Дар гузориши вазорати молия дар бораи фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки Радиои Озодӣ ҳам нусхае аз онро рӯзи 23-уми июн дид, омадааст, “яке аз сабабҳои асосии бо зарар ҷамъбаст намудани фаъолияти молиявии корхонаҳо, афзоиши хароҷот, аз ҷумла хароҷот вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, таъмирҳои ҷорӣ, хариди таҷҳизоту васоили ғайрисоҳавӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ ва ба ин монанд дигар хароҷотҳои бесамар, ба шумор меравад.”

Бар асоси таҳлили вазорати молияи Тоҷикистон, корхонаҳои давлатӣ дар солҳои 2023-2024 барои корҳои сохтмонии ғайрисоҳавӣ маблағи, ободкорӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ ва хайрия бештар аз 224 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Созмонҳои байналмилалии молӣ, ки ба Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодӣ ва босамар кардани кори ширкатҳои азим кӯмак мекунанд, борҳо аз ҳукумат хостаанд, фаъолияти ин муассисаҳоро шаффоф созад ва дар бораи аҳволи иқтисодии онҳо гузориш диҳад. Қарзҳои баъзе аз ин корхонаҳо сабаб шудааст, ки онҳо дар баргардонидани қарзҳои боимтиёзи созмонҳои байналмилалӣ ҳам таъхир кунанд.

Дар ҳамлаҳои Русия ба Киев шаш нафар кушта шуд

Пайомади ҳамлаи Русия ба Киев. 23 июни соли 2025
Пайомади ҳамлаи Русия ба Киев. 23 июни соли 2025

Дар пайи ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Киев дастикам шаш нафар кушта шуда, 19 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ин ҳамлаҳо шаби 23-юми июн анҷом шуд.

Ба иттилои Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина, фавтидагон сокинони мулкӣ буданд.

Додситонии Херсон ҳам гузориш додааст, ки як сокини ин вилоят ҳам дар ҳамлаи артиши Русия кушта шуд.

Шаҳрдории Киев гуфт, дар натиҷаи зарбаи неруҳои Русия як қисмати бинои панҷошёна дар ноҳияи Шевченко хароб шуд.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин чанд коргоҳ, ошхона ва нуқтаи тиҷоратӣ дар вилояти Киев зарар дидааст.

Тибқи иттилои мақомоти Украина, шаби 22 ба 23-юми июн неруҳои Русия ба сӯи шаҳрҳои Украина 350 паҳпод ва 11 мушаки баллистики партоб карданд. Мақомоти Украина мегӯянд, 7 мушак ва 146 паҳподро дар осмон нобуд карданд.

Рӯзноманигори "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндони Русия озод шуд

Владислав Есипенко
Владислав Есипенко

Владислав Есипенко, ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва рӯзноманигори лоиҳаи "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндон озод шуд.

Мақомоти Русия соли 2021 Есипенкоро дар нимҷазираи ишғолии Қрим боздошт ва ба ҷамъоварии маълумот барои Хадамоти махсуси Украина гунаҳкор карданд. Хабарнигор иттиҳомро рад карда буд.

Роҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҳукуматҳои ИМА ва Украина барои талошҳояшон дар озодии ин хабарнигор ташаккур карданд.

Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Владислав беш аз чор сол ғайриқонунӣ ва барои гуноҳи нокарда зиндонӣ шуд. Ӯ барои инъикоси воқеият дар нимҷазираи ишғолии Қрим баҳои баланд пардохт кард. Барои ин кор ӯро шиканҷа карданд. Мо хушҳолем, ки ӯ ба назди ҳамсар ва духтараш баргашт, вале наметавонем фаромӯш кунем, ки мақомоти Русия ба хонаводаи Владислав чӣ озорҳое расонданд."

Владислав Есипенко шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Моҳи феврали соли 2022 додгоҳи Русия дар нимҷазираи ишғолии Қрим ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба шаш сол зиндон маҳкум кард. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро бофтаву сохта хонданд.

Додгоҳи олии зери назорати Маскав баъдан ҳукми Есипенкоро то панҷ сол зиндон пойин овард.

Пас аз чанд моҳ, Есипенко ба "нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи тарканда" низ муттаҳам шуд. Худаш иттиҳомро қотеъона рад кард.

Баъдан додситонӣ иқрор шуд, ки норинҷаки "кашфшуда" аз мошини Есипенко изи ангуштони ӯро надорад. Вай ҳамчунин иттиҳомҳоро дар ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ барои Украина дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рад кард.

Есипенко дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки ӯро бо зарбаи барқ шиканҷа кардаанд, то ба гуноҳи бардурӯғ иқрор шавад.

Ҳушдори Котиби давлатии Амрико дар бораи бастани тангии Ҳурмуз

Нафткаше дар наздикии тангии Ҳурмуз
Нафткаше дар наздикии тангии Ҳурмуз

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар бораи бастани гулугоҳ ё тангии Ҳурмуз ба Эрон ҳушдор дод. Рубио гуфт, бастани ин тангӣ барои Эрон "худкушии иқтисодӣ" аст.

Рӯзи 22-юми июн баъзе расонаҳои маҳаллии Эрон гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаи Амрико ба се таъсисоти ҳастаии Эрон, Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо бастани тангии Ҳурмуз мувофиқат кардааст. Акнун Шӯрои амнияти Эрон бояд дар ин бора тасмим гирад.

Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико 22-юми июн дар суҳбат бо шабакаи Fox гуфт, Чинро ташвиқ мекунад, ки дар ин мавзуъ бо Теҳрон гуфтугӯ кунад, чун Пекин барои интиқоли нафт аз тангии Ҳурмуз вобастагӣ дорад.

Гулӯгоҳ ё тангии Ҳурмуз барои бозори нафти ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад. Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи транзити нафт дар ҷаҳон аз гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз мегузарад, ки халиҷи Форс ва баҳри Арабро ба ҳам мепайвандад.

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки ҳамзамон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед низ ҳаст, иқдоми эҳтимолии Эрон дар бораи бастани тангии Ҳурмузро “иштибоҳи ҳавлнок” номид. Рубио бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфт, ки агар Эрон тангии Ҳурмузро бандад, "гузинаҳое барои бархӯрд бо инро дорем."

Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ба ниҳодҳои ҳастаии Эронро маҳкум кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи ҳавоии артиши Иёлоти Муттаҳида ба се ниҳоди ҳастаии Эронро "қатъиян маҳкум намуд."

Дар изҳороти Вазорат, ки шомгоҳи 22-юми июн нашр шуд, аз он нигаронӣ шудааст, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”

Ниҳоди ҳастаии Исфаҳон баъди ҳамлаи Амрико
Ниҳоди ҳастаии Исфаҳон баъди ҳамлаи Амрико

Тоҷикистон аз Созмони милал, Оҷонсии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳо даъват кардааст, ки “барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа” талош кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, гуфтугӯҳои дипломатиро роҳи ҳалли муноқиша медонанд ва аз талошҳо барои коҳиши таниш дар Ховари Миёни пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи Амрикоро "такондиҳанда ва нанговар" хонд, ки "пайомадҳои мондагор хоҳад дошт."

Мақомоти Эрон мегӯянд, ду рӯз қабл аз ҳамлаи Амрико урани ғанишуда ва кормандони таъсисоти ҳастаиро ба дигар ҷой кӯчонда буданд. Доналд Трамп дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд.

Исроил: ҳамлаҳо ба Эрон идома меёбад

Артиши Исроил эълон кард, ки дар Эрон "ҳадафҳои дигаре" дорад ва барои ҳамин амалиёти низомии ин кишвар алайҳи Теҳрон идома меёбад.

Эфи Дафферин, сухангӯи артиши Исроил 22-юми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, "то замоне, ки ба ҳадафҳои худ нарасем, ба амалиёти худ идома медиҳем."

Исроил пештар гуфта буд, ки ҳадаф аз ҳамла ба Эрон, пешгирӣ аз дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ аст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Тибқи эълони раиси ҷумҳури Амрико, ҳавопаймоҳои ин кишвар шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар шабакаи X (Твиттер) навишт, Амрико бо ҳамла ба таъсисоти "сулҳомез"-и ҳастаии Эрон, маншури СММ, қонунҳои байнулмилалӣ, азҷумла Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро поймол кардааст.

Як хешованди наздики Башор Асад дар Сурия боздошт шуд

Мақомоти Сурия писари амаки Башор Асад, президенти сарнагуншудаи ин кишварро дастгир кардаанд. Дар ин бора 21-уми июн хабаргузори давлатии CAHA хабар дод. Вазорати корҳои дохилии Сурия ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.

Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки Васим Асад “яке аз қочоқбарони калони маводи мухаддир дар Сурия аст ва дар ҷиноятҳои ҳукумати пешин ҳам даст дорад.”

Хабаргузории расмии Сурия навиштааст, Васим Асад дар минтақаи марзӣ бо Лубнон дастгир шуд. Ҳанӯз расман хабар дода нашудааст, ки ин хешованди Башор Асад ба чӣ муттаҳам мешавад.

Васим Асад соли 2023 аз сӯи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуда буд. Ӯро ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва роҳбарии як гуруҳи шибҳинизомии наздик ба Башор Асад айбдор мекарданд.

Худи Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 баъди суқути ҳукуматаш ба Русия фирор кард. Маскав ба ӯ ва оилааш паноҳандагӣ дод.

навшуда

Дар ҳамлаи Эрон ба Исроил 18 кас захмӣ шудааст

Субҳи 22 июн дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон дастикам 18 кас дар Исроил захмӣ шудааст. Дар ин бора идораи наҷотдиҳандагон дар Исроил хабар додааст.

Ба қавли ин манбаъ, шуморе аз сохтмонҳо дар шаҳрҳои Ҳайфа ва Тел-Авив низ осеб диданд. Аз ҷумла ба ду сохтмон дар пойтахти Исроил зарар расидааст, ки паноҳгоҳ доштанд.

Пештар баъзе расонаҳои Исроил, азҷумла телевизиони “Кан” ва “Шабакаи 12” гузориш доданд, ки субҳи 22 июн дастикам 10 нуқта дар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи Эрон қарор гирифт.

Шабакаи телевизионии "Кан" гузориш дод, ки аз 30 мушаки партобшуда аз сӯи Эрон, 10 мушак ба нуқтаҳои марказии Исроил бархӯрдааст.

Наворҳои пахшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дастикам яке аз ин мушакҳо ба шаҳри Ҳайфа ва дигарӣ ба Тел-Авив афтидаст.

Артиши Исроил ба шаҳрвандон хабар додааст, ки метавонанд паноҳгоҳҳоро тарк кунанд.

Вокуниши мақомоти Эрон ба ин ҳамла феълан дастрас нест.

Партоби мушакҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки артиши Амрико шаби 21 ба 22-юми июн ба ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон зарба зад. Доналд Трамп дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд. Мақомоти Эрон ин сухани Трампро тасдиқ накардаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи ахири Амрикоро нақзи қавонини байнулмилалӣ хонд.

Зеленский: Русия ҷасади 20 сарбозашро ба Украина додааст

Президенти Украина мегӯяд, дар вақти иваз кардани аҷсоди низомиёни кушташуда, Русия ба Киев 20 ҷасади ношиносро додааст.

Владимир Зеленский дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, "масалан, як зархариди исроилӣ ҳаст, ки дар паҳлӯи онҳо меҷангид. Шаҳрванди Исроил. Онҳо ба мо гуфтанд, ки танҳо ҷасади низомиёни украиниро медиҳанд. Аммо ин дурӯғ аст, ки аллакай сабт шудааст," - афзуд Зеленский.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин акс ва шиносномаи сарбози русеро нишон дод, ки ҷасадашро ба Киев додаанд.

Зеленский дар посух ба суоли онки Русия ба ин чӣ вокуниш кардааст гуфт, “ҳеч. Мегӯянд, ки ин тавр шуданаш мумкин нест.”

Зеленский бовар дорад, ки Русия бо ин табодули асирон ва ҷасадҳо мехоҳад ба президенти ИМА Доналд Трамп нишон диҳад, ки музокирот карданӣ аст.

Русия ва Украина дар ҳафтаҳои гузашта ҷасади садҳо низомиро иваз карданд.

Хабарнигори пешини "Озодӣ" ва як мухолифи дигари ҳукумати Белорус озод шуданд

Президент ва мудири кулли РАО/РО Стивен Капус (аз чап), маҳбуси собиқ Иҳар Карней ва Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупои Шарқӣ Кристофер Смитс пас аз раҳоии зиндониёни беларусӣ. 21 июни 2025
Президент ва мудири кулли РАО/РО Стивен Капус (аз чап), маҳбуси собиқ Иҳар Карней ва Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупои Шарқӣ Кристофер Смитс пас аз раҳоии зиндониёни беларусӣ. 21 июни 2025

Хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ Иҳар Карней ва мухолифи беларус Сергей Тихановский аз зиндон озод шуданд. Раҳоии онҳо пас аз сафари Кит Келлог, намояндаи вижаи президенти ИМА ба Минск ва мулоқоти ӯ бо президент Аляксандр Лукашенко рух дод.

Дар маҷмӯъ 14 маҳбуси сиёсии Беларус озод шудаанд. Онҳоро ба Вилнюс бурданд, гуфт муовини Келлогг Ҷон Коул. Коул қайд кард, ки раҳоии маҳбусон бо талошҳои президенти ИМА Доналд Трамп имконпазир шудааст.

"Мо аз президент Трамп барои раҳоии ин рӯзноманигори ҷасур, ки аз дасти мақомоти Беларус осеб дидааст, хеле миннатдорем. Мо ба котиби давлатӣ Рубио ва тими ӯ, ҳукумати Литва ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ аз хабарнигорони зиндонии мо ташаккур мегӯем",- гуфт дар баёнияе Стивен Капус, раис ва мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Рӯзноманигори собиқадор Иҳар Карней беш аз 20 сол бо Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт. Ӯ дар моҳи июли соли 2023 дар Минск боздошт ва дар моҳи марти соли 2024 ба иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи "ифротӣ" барои иртиботаш бо Анҷумани рӯзноманигорони Беларус, ба се сол зиндон маҳкум шуд. Ин созмон соли 2023 гурӯҳи "ифротгаро"эълон шуда, ҳоло дар хориҷ аз Беларус кор мекунад.

Дар декабри соли 2024, ҳукми Иҳар Карней ҳашт моҳ дароз карда шуд. Ин дафъа мақомот ӯро ба "нофармонӣ" дар дохили зиндон, гунаҳкор карданд.

Раҳоии Иҳар Карней дар рӯзи 21 июн дар ҳолест, ки моҳи феврали имсол корманди дигари бахши беларусии Радиои Озодӣ Андрей Кузнечик низ бо талошҳои ИМА озод шуда буд. Як ҳамкори дигари онҳо Иҳар Лосик ҳамоно дар маҳбас боқӣ мемонад. Ҳамаи онҳо якҷо бо 400 рӯзноманигори дигар барои бозтоби эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва матолиби танқидияшон аз соли 2020 ба ин сӯ зиндонӣ шудаанд.

Ҳинд гуфт, паймони об бо Покистонро "ҳаргиз" барқарор нахоҳад кард

Амит Шоҳ, вазири корҳои хориҷии Ҳинд.
Амит Шоҳ, вазири корҳои хориҷии Ҳинд.

Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфтааст, ки кишвараш "ҳаргиз" қарордоди оби Индус бо Покистонро барқарор нахоҳад кард.

Амит Шоҳ рӯзи 21 июн дар суҳбат бо рӯзномаи Times of India гуфт, масири обе, ки қаблан ба Покистон сарозер мешуд, тағйир дода хоҳад шуд, то дар дохили худи Ҳинд истифода шавад.

Ҳинд ин қарордодро пас аз ҳамлаи моҳи апрел ба гурӯҳе аз сайёҳон дар Кашмир, боздошт. Ҳинд иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯён дар Кашмир, ки аз сӯи Покистон ҳимоят мешаванд, анҷом доданд.

Муоҳида ё паймони оби Ҳиндус дар соли 1960 бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ миёни Ҳинд ва Покистон имзо шуд.

Бар асоси ин паймон, оби се дарёи Ҳинд ба Покистон сарозер мешавад ва наздик ба 80 дарсад аз деҳқонони покистониро бо об таъмин мекунад.

Покистон боздоштани ин паймонро ғайриқонунӣ ва "иқдоми ҷангҷӯёна" хондааст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии даставии ҷудои ҷаҳон Гурҷистон пирӯз шуд

Мусобиқоти қаҳрамонии даставии ҷудои ҷаҳон, ки 20-уми июн дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) баргузор шуд, бо пирӯзии тими омехтаи Гурҷистон ба поён расид.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ббайналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқот 16 дастаи омехта иштирок карда, ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шуданд. Ба таркиби дастаҳои омехта занон дар вазнҳои -57 кг, -70 кг, +70 кг ва мардон дар вазнҳои -73 кг, -90 кг, +90 кг дохил буданд.

Дар финал тими омехтаи Гурҷистон бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гардид.

Дар ҳайати дастаи ғолиб – Гурҷистон – даҳ нафар ҳунарнамоӣ карданд: мардон: Михаил Бахбахашвили (73 кг), Лаша Бекаури (90 кг), Лука Майсурадзе (90 кг), Гурам Тушишвили (+90 кг), Саба Инанеишвили (+90 кг): занон: Этери Липертелиани (57 кг), Нино Лоладзе (57 кг), Этер Акилашвили (70 кг), Мариам Чантурия (70 кг), Софио Сомхишвили (+70 кг).

Натиҷаҳои мусобиқоти даставии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2025:

1. Гурҷистон.
2. Кореяи Ҷанубӣ.
3. Ҷопон ва Олмон.

5. Италия ва Бразилия.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқоти даставӣ 200 ҳазор евро буд. Ба дастаи ғолиб 90 ҳазор евро (ба варзишгарон - 72,000 евро ва ба мураббиён - 18,000 евро), барои ҷойи дуюм 60 ҳазор евро (ба варзишгарон - 48,000 евро ва ба мураббиён - 12,000 евро), барои ҷойҳои сеюм 25 ҳазор евроӣ (ба варзишгарон - 20,000 евро ва ба мураббиён - 5,000 евро) тақдим гардид.

Аммо варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни дастаҳои омехта ширкат надоштанд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 13-19-уми июн дар Будапешт доир гардид, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.

Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило ба даст овард. Дарвоқеъ, ин аввалин ва ягона медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст.

Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Натиҷаи нишондодаи Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт қобили қайд аст. Вай дар вазни то 100 кило мақоми ҳафтумро касб кард.

Аммо панҷ гуштигири тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров – ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кило - дар даврҳои интихобӣ аз рақибонашон ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон дар пойтахти Маҷористон 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари олам иштирок карданд.

Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо), ки аз ҳисоби варзишгарони русиягӣ иборат буд, бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Италия бо касби ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра, ду нишони биринҷӣ ва як мақоми ҳафтум дар байни 93 кишвар ҷойи ҳафтумро азони худ кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро) - қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.

Дар маҷмуъ, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон панҷ медал гирифтаанд, ки яктоаш нишони нуқра ва чаҳортоаш биринҷист.

Дар ҳамлаи паҳбодии Русия ба Одесса як тан кушта шуд

Одесса, Украина.
Одесса, Украина.

Бар асари ҳамлаҳои паҳбодии Русия ба шаҳри Одессаи Украина дар рӯзи 20 июн, дастикам як нафар кушта ва 13 тани дигар ба шумули як корманди бахши наҷотдиҳӣ, захмӣ шуданд.

Нерӯҳои ҳавоии Украина мегӯянд, ки Русия дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа 86 паҳбод ба шаҳри Одесса партоб кард. Ҷониби Украина мегӯяд, ки 70 паҳбод тавассути системаҳои дифои ҳавоии ин кишвар раҳгирӣ шуданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳамлаҳои ахири Русияро "ваҳшиёна" хонд.

Ин изҳороти Зелеленский як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия иддао кард, ки омода аст барои поёни ҷанг алайҳи Украина, як "роҳи ҳал пайдо кунад" ва бо президенти Украина мулоқот намояд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки субҳи 20 июн нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар дастикам 61 паҳбоди украиниро, ки ба сӯи минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла, Маскав партоб шуда буданд, аз байн бурданд.

CPJ аз сензура дар Эрон ва бадрафторӣ бо хабарнигорон дар Исроил гуфт

Маҳалли зарбаи Эрон ба шаҳри Ҳайфаи Исроил
Маҳалли зарбаи Эрон ба шаҳри Ҳайфаи Исроил

Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯяд, ҷанги Исроилу Эрон сабаби тақвияти сензура дар Эрон ва зӯриву бадрафторӣ бо хабарнигорон дар Исроил шудааст.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (СPJ) рӯзи 20-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, баъди оғози ҳамлаҳои Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн ба хабарнигорони эронӣ гуфтаанд, ки аз шарҳ навиштан дар интернет даст кашанд. Илова бар ин гурӯҳеро таъсис додаанд, то онҳоеро, ки хабарҳои “сохтаву бофта”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

СPJ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, аз қавли ду хабарнигори эронӣ навиштааст, ки чанд соат баъд аз оғози ҳамлаҳои Исроил, муассис ва мудири як нашрияи хусусӣ онҳоро даъват карда гуфтааст, ки “ҳаргуна шарҳи мустақилона ва ё гузориш дар саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби рондан аз кор мешавад.” Эрон аз назари зиндонӣ кардани хабарнигорон дар ҷаҳон дар мақоми саввум қарор дорад. То рӯзи 1-уми декабри соли 2024 дар он кишвар 16 хабарнигор паси панҷара будаанд.

Дар Исроил ба гуфтаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, хабарнигорони фаластиниро, ки низоъ бо Эронро пӯшиш медодаанд, ба “хидмат ба душман” муттаҳам карда, “иҷоза намедодаанд, ба маҳалли ҳодиса бираванд, онҳоро мезадаанд ва дашном медодаанд.”

CPJ гуфтааст, ки фақат дар рӯзҳои 14 ва 15 июн ҳашт мавриди озори хабарнигорон, монеагузорӣ ба корашон, мусодираи абзори корӣ ва ҳам ба зӯр аз маҳалли ҳодиса берун бурдани камаш 14 хабарнигор аз тарафи пулиси Исроилро сабт кардааст. Аксари ин хабарнигорон барои расонаҳои арабзабон кор мекардаанд ва ҳангоми гузориш додан аз маҳаллаҳои гузориш медоданд, ки дар ҳамлаҳои Эрон ва ё Исроил садама дидаанд.

Исроил рӯзи 13-уми июн таъсисоти атомӣ ва фармондеҳону раҳбарони олирутбаи эронро ҳадаф гирифт ва сипас Эрон ба ин ҳамлаҳо ҷавоб дод. Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, гуфтааст, ки дар Эрон 657 нафар кушта шудаанд. Теъдоди талафоти дақиқи исроилиён дар даст нест, вале мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми июн гуфтанд, ки теъдоди кушташудагон дар ҳамлаҳои Эрон ба 25 нафар расидааст.

Нозири шабакаҳои барқиро барои фиреби муштариён ҷазо додаанд

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як корманди собиқи Шабакаи барқии ноҳияро барои қаллобӣ ва аз худ кардани пули муштариён ҷазо дода ва аз ҳаққи кор дар ин идора маҳрум кардааст. Додгоҳ рӯзи рӯзи 16-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, нозири ин идора фақат дар муддати ним соли кор 36 ҳазор сомонӣ ва ё 3600 доллар ҳаққи пули барқро ба ҷайби худ задааст.

Додгоҳ ному насаби ин фарди 32-соларо ошкор накарда, аз ӯ фақат А.М ва сокини Душанбе ном бурдааст. Ба қавли додрас Ҳокимбек Зиёзода, ин фард аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2024 пули баъзе аз муштариёни нерӯи барқ аз деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистонро ҷамъ оварда, ба ҷойи супурдан ба идора ба манфиати хусусиаш истифода мекардааст.

Дар баёнияи додгоҳ омадааст: “Шаҳрванд А.М. аз боварии сокинон истифода бурда, бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифода аз расиди пардохти «Амонатбанк», ки пардохти маблағро нишон медиҳад, 50 ҳолати қаллобӣ карда, ба маблағи умумии 36 ҳазор сомонӣ ба шаҳрвандон зарари молӣ расонидааст. Маблағҳои бо роҳи фиреб ва истифода аз мақоми хизматӣ ба даст овардаашро барои хушҳолиаш дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ сарф кардааст. “

Назари нозири собиқ маълум нест, агарчӣ дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки ӯ дар тафтиши ҷиноятҳо бо мақомот кӯмак ва ҳамкорӣ кардааст. Додгоҳ бо назардошти ин ҳама ва баъдан ҷуброн кардани зарари ҷабрдидагон нозири собиқи Шабакаҳои тақсими барқро ҷарима баста ва аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое, ки ба моликияту пул сару кор доранд, маҳрум кардааст.

Шикоят аз тақаллубкорӣ дар супурдани пули нерӯи барқ дар Тоҷикистон солҳо боз садо медиҳад ва онро як сабаби бедалел зиёд нишон додани қарзи мардум аз ширкати “Барқи тоҷик” медонанд. Кор то ба ҳадде расид, ки чанде пеш дар Тоҷикистон барои ин тақаллуб дар истифода аз нерӯи барқ ҷазои ҷиноятӣ таъйин карданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG