Барои Аврупо як навъ таҳқиромез буд, ки як рӯз нагузашта аз гуфтушуниди ҳастаии он бо Эрон ва умедворӣ ба ҳалли масъала, Амрико марказҳои гуногуни Эронро ҳадаф қарор дод. Мулоқоти намояндагони Британия, Фаронса, Олмон, бо шумули раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Кайа Каллас бо ҳамтои эрониашон Аббоси Ароқчӣ рӯзи 20 июн дар Женева баргузор гашта буд.
Акнун он дидор самаре нахоҳад дод, ҳатто идома ёфтанаш зери суол аст.
Вале Каллас ҳамоно қатъист, ки Эрон он ҷо дар баҳси ҳастаӣ ва бисёр масъалаҳои дигари марбут ба амният дидадаротар аст. Вай инро дар Шӯрои умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23 июн, пас аз ҳамлаҳои Амрико таъкид кард. Ин назарро президенти ИМА Доналд Трамп қабул надорад. Вай мегӯяд, талошҳои Аврупо ба ҷое нарасонданд ва эрониҳо хоҳиши гуфтушунид ҳам надоранд.
Акнун чӣ мешавад? Вазирони корҳои хориҷии Аврупо ин мавзуъро дар нишасте дар Бруссел баррасӣ мекунанд ва ин ҷо суроби чанд мавзеъгирии якҷояи онҳо намудор мегардад, ҳарчанд таъсири зиёд ба низоъи давомдор нахоҳад дошт.
Амалан аврупоиҳо бовар доранд, ки дипломатия ягона роҳи наҷот аст ва онҳо омодаанд, ҳар қадар ки зарур бошад, онро бо Эрон имтиҳон кунанд. Ин шояд дар шароити имрӯза зиёд дархӯр набошад, вале дар баъзе маврид шояд самар диҳад.
Мақсади асосии Бруссел ва пойтахтҳои дигари Аврупо фароҳам овардани фазоест, ки дар он эрониён ва амрикоиҳо тавонанд рӯбарӯ бо ҳам ҳарф зананд. Ин талош дар Женева бечароҳолона шикаст хӯрд, аммо имкониятҳои бештар метавонанд, пеш оянд.
Вазири умури берунаи Олмон Ийоҳан Вейдфул пеш аз рафтан ба ҳамоиши Брусел ишора кард, ки Вашингтон ҳамоно онҳоро ташвиқ мекунад, ки бо Эрон дар тамос бошанд.
Ҳамтои фаронсавии ӯ Жан Ноел Барро пойфишорӣ дорад, ки зарбаҳои Исроил ва Амрико ба танҳоӣ наметавонанд, аз дастёбии Эрон ба бомби ҳастаӣ монеъ шаванд. Ин кор танҳо бо ёрии дипломатия метавонад натиҷа диҳад, мегӯяд ӯ.
Ахдномаи фаргири соли 2015 бо ёрии аврпуоиҳо имзо шуда буд. Маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Эрон дар он бо лағви таҳримҳо ҳамоҳанг аст. Иттиҳоди Аврупо ин ҳуҷҷатро дастоварди бузурги дипломатии худ мешуморад. Вале Трамп ҳанӯз дар даври аввали президентияш ба он зарба зад, чун ин ҳуҷҷатро мероси Барак Обама медонист. Дар давраи президент Ҷо Байден низ аҳднома “мелангид” чун ҳарду, ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон ҳарчӣ бештар душмантар мешуданд.
Ҳоло он ба мурдае монанд аст, ки имконияти хеле ками зинда шуданро дорад. Лекин ҳамоно бархе аз ҷанбаҳои он метавонанд таъсиргузор бошанд.
Каллас гуфт, аврупоиҳо ҳанӯз ин роҳро доранд, ки дар чаҳорчӯби он аҳднома таҳмили таҳримҳоро ба Эрон дар миён гузоранд. Ин метавонад як лояи фишор бошад, ҳарчанд ба гуфтаи як дипломати аз масъала огоҳи аврупоӣ, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, чунин чизе дар рӯйи миз нест.
Хеле шабеҳи масъалаи Украина ва гуфтушуниди эҳтимолии сулҳ, зоҳиран Аврупо метавонад сармоягузори оянда шавад, аммо на бозигар. Ва он аз танқиди зиёди Исроил ва Иёлоти Муттаҳида хаста шудааст.
Ин ҷо суҳбатҳое аз таҳрими фурӯши силоҳи Аврупо ба Исроил ва ҳамчунин боздошти созишномаи тиҷоратии ИА ва Исроил бар пояи иттиҳомоти нақзи ҳуқуқи инсон дар Ғазза садо медиҳанд. Бо назардошти ҷудоиҳои амиқ дар ИА мумкин аст, ҳеч кадоми онҳо рух надиҳанд.
Дар мавриди Иёлоти Муттаҳида нигарониҳо аз зарбаҳои ахир бо сабабҳои зиёд “гунг” шудаанд.
ИА дар айни фирор аз ҷанги тиҷоратӣ бо Амрико ва дар орзуи ягон созиши зудрас дар ин замина аст. Он ҳамчунин дар остонаи нишасти сарнавиштсози сарони НАТО аст, ки умедворӣ медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба дифоъ аз Аврупо содиқ мемонанд ва Трамп харҷи ками ҳарбии онро чандон сахт лагад намезанад.
Ва кишварҳои шарқии ИА ҳамчунон умедворанд, Ваштингтонро бовар медиҳанд, ки коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар онҳо набояд ингуна бузург бошад. Бо назардошти низоъи ахир дар Ховари Миёна суҳбатҳои фурсатталабона низ садо медиҳанд, ки ҳузури ҳарбии ИМА дар минтақа зимни эҳтимоли густариши таъсири низоъ ба Аврупо ба маротиб қавитар хоҳад шуд. Биноан Аврупо ҳоло танҳо метавонад изҳори нигаронӣ ва ба ҳалли дипломатӣ даъват кунад, аммо на бештар аз ин.
Рикард Ҷозиак, Радиои Озодӣ
Гуфтугӯ