Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик, дар мусобиқоти UFC Fight Night дар вазни нимасабук (65,8 кк) намояндаи Австрия Богдан Градро шикаст дод.
Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) дар вазни сангинтарин медали биринҷӣ ба даст овард.
Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рақобати аввали худ дар қаҳрамонии ҷудои қаҳон, ки дар шаҳри Будапешти Вонгрия (Маҷористон) ҷараён дорад, шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) ҷараён дорад, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 93 кишвар дар ҷойи шашум қарор дорад.
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бо ширкати шаш дастаи мунтахаби ҷавонони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Узбекистон - ба поён расид.
Ёфтҳои бештар