Дар Душанбе ду писарро аз модарашон гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду наврасро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат додааст.

Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо нашри ин хабар гуфт, ин наврасон чанд маротиба барои оворагардӣ ва талбандагӣ ба идораи пулис бурда шуданд.

Назари модари ноболиғон ба ҳарфҳои мақомот маълум нест.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ду наврас аз сӯи модарашон, ки зиндагии носолим дошт, ҳамеша мавриди азияту озор қарор мегирифтанд. Пулис синну сол, номи зан ва ду писарашро зикр накардааст.

Дар ҳоле, ки назари модари наврасон маълум нест, пулис ҳамчунин ӯро муттаҳам кардааст, ки фарзандонашро ба талбандагӣ маҷбур мекард.

Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе фарзандонро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати давлатӣ медиҳанд.

Моҳи апрели имсол ду кӯдаки 8 ва 10-соларо аз модарашон ҷудо карда, ба интернат доданд. Мақомот он вақт ҳам гуфта буданд, модарашон ин кӯдаконро мезад ва ба талбандагӣ мефиристод. Назари модари наврасон ба ин қазия маълум нашуд.

Кодекси оилаи Тоҷикистон ба мақомот иҷозат медиҳад, ки дар сурати аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон набаромадани волидайн, кӯдаконро аз онҳо гирифта, ба мактабҳои давлатӣ диҳанд. Дар ин ҳолат волидайн аз ҳаққи падару модарӣ пурра маҳрум карда намешаванд.